Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 14, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки 13 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва се муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хабар доданд, донишгоҳи онҳо бо Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим», Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз имзои созишномаҳо густариши ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мебошад.

Таъкид шуд, ки чунин иқдом барои таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Инчунин ба рушди минбаъдаи равобити дуҷониба дар соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 14, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?