Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст гардида, ғолибони интернет-олимпиада қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, аз 1 то 23 феврал даври якуми интернет-олимпиада баргузор гардида, хоҳишмандон тавассути сомонаи донишгоҳ аз рӯи намунаҳои саволномаҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши худро санҷиданд. Дар Ҳафтаи дарҳои кушод ва интернет-олимпиада беш аз 15 ҳазор хатмкунандагон ба таври маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои Ҳафтаи дарҳои кушод, ки аз 23 то 28 феврал доир гардид, хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба донишгоҳ омада, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо, Маркази таҳсилоти рақамӣ ва дигар биноҳои таълимӣ аз наздик шинос шуданд.
Иброз гардид, ки мақсади ба роҳ мондани ин иқдом дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Баргузории чунин иқдом барои таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ аҳамияти муҳим дорад. Инчунин ба баланд бардоштани сатҳи омодагии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди ҷаҳонбинии онҳо ва таҳкими ҳавасмандӣ ба илмомӯзӣ мусоидат менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ барои интихоби дурусти касб, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмуъ ба рушди неруи зеҳнии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






