БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 сентябр то 4 октябри соли равон дар шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон Бозиҳои 20-уми Осиё баргузор мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба барномаи Бозиҳо 42 намуди варзиш ворид шуда, варзишгарон аз 45 давлати қора, аз ҷумла Тоҷикистон барои 460 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё, ки соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин доир гардида буд, варзишгарони Тоҷикистон сазовори 7 медал (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ) шуда буданд.
Медалҳои тиллоро Давлат Болтаев (бокс), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), медали нуқраро Темур Раҳимов (ҷудо), медалҳои биринҷиро Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокс) ва Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (ҳарду – кураш) сазовор гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






