Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид

Март 5, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми  «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Дар рӯзи нахустини баргузории ин иқдом дар шаҳри Хоруғ духтарону занон атласу адрас, чакан ва либоси хоси мардуми Кӯҳистони Бадахшонро ба бар намуданд.

Мудири  шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Заррина Мирзозода иброз намуд, ки  «гузаронидани чунин иқдоми фарҳангӣ барои насли имрӯз ва оянда муҳим мебошад. Либоспӯшӣ дар назари аввал одати маъмулии ҳар миллат аст, аммо дар асл таҷассумгари таърих, ҳунар, завқи парастиши зебоӣ ва ойину анъанаҳои ҷолиби ниёгон мебошад».

Бояд гуфт, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад. Ин иқдом 1 март дар саросари мамлакат оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.

Либоси миллӣ симои зани тоҷикро бо иффат, латофат ва зебоӣ оро дода, он ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Занону духтарон ҳамчун нигоҳдоранда, ҳифзкунанда ва интиқолдиҳандаи суннату анъана, фарҳанг ва забон дар пойдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала пайваста ба занҳо такя менамоянд ва онҳоро посдорандаи расму оинҳои миллӣ меноманд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 5, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд