Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад

Март 26, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни  35-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд пули нави мошингард сохта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд.

Пули нави иловагии мошингард дар болои Сирдарё сохта шуда, шаҳраки 12-ум ва маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷандро мепайвандад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди пул гуфта шуд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ зарурати сохтмони пули нав пайдо шуд.

Лоиҳаи пули мазкур аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида,  дарозии умумии он 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ пурра риоя карда мешаванд. Бо ин мақсад бунёди 11 сутунпоя дар назар дошта шуда, ҳамзамон аз ду тарафи пул сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба он ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи ин лоиҳа ба коҳиш ёфтани танбашавии роҳҳо дар маркази шаҳри Хуҷанд ва сабук гардидани ҳаракат дар пули кӯҳна мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд ҳамзамон пули кӯҳнаи шаҳр низ мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша, паҳноии пули кӯҳна то 16 метр васеъ гардида, роҳи мошингард фарохтар карда мешавад. Барои ин, васеъсозии роҳи мошингард аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то истгоҳи универмаг ба масофаи 818 метр дар назар аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 26, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад