Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занону модарони тоҷик-нигини пурҷилои тоҷи миллат» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагии занон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби ҳарчи бештари занон ба идоракунии давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа заминаи устувор гузошта шудааст. Имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Зимни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода сухан гуфта, нақши занро ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари насли солим, посдори арзишҳои миллӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо меҳру муҳаббат, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди занону модарон ҷомеа рушд ёфта, пояҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






