Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе 17 марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Форум дар асоси ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тибқи қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории форум муайян гардидааст.
Интизор меравад, ки форум ба густариши ҳамкории фарҳангию сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии имконоти сайёҳии пойтахт мусоидат намояд.
Форум бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.
АКС аз бойгонӣ








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад






