Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Март 6, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии экосистемаи стартапӣ, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи соҳа дар ҳамоише, ки бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бинои IT-Park баргузор шуд, баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш, ки дар доираи лоиҳаи «Star Venture» доир шуд, намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, шарикони рушд ва дигар иштирокчиёни фаъоли соҳаи стартап иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар се соли охир экосистемаи стартапӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд ёфтааст. Яке аз қадамҳои муҳим дар ин раванд таъсис ва фаъолияти IT-Park арзёбӣ гардид, ки ҳамчун платформаи мусоид барои рушди ташаббусҳои инноватсионӣ хизмат менамояд.

Дар ҳамоиш зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, таъсиси платформаҳои махсус барои омода ва рушд додани стартапҳо, инчунин дастгирии ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи соҳа самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда муайян карда шуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

Март 6, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд