Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки ҳайати роҳбарият ва бонувони бонк чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
«Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои пурифтихор ва пурмуҳтавои миллӣ ба шумор рафта, рамзи арҷгузорӣ ба мақому манзалати волои Зан — Модар, меҳру муҳаббат, садоқат ва фидокории бонувон дар ҷомеа мебошад», — гуфта шуд дар оғози чорабинӣ.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо қабули барномаҳои муҳими давлатӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти занон ва рушди нерӯи зеҳнии онҳо тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар бахши иқтисод ва низоми бонкӣ, бо масъулиятшиносӣ, касбияти баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолияти назаррас доранд.
Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» низ бо арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи бонувон дар пешрафти фаъолияти бонкӣ, ҷиҳати таҳкими мавқеи онҳо дар соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ пайваста иқдомҳои дастгирӣ амалӣ менамояд. Бонувони бонк бо меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва донишу малакаи касбӣ дар пешбурди фаъолияти муассиса ва баланд бардоштани нуфузи он саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк»















Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






