Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид

Март 20, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар бинои Бунёди Корея бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими рӯнамои китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром оид ба ин ҷашни қадимии тоҷикон, фарҳанги наврӯзӣ, эҳёи дубораи Наврӯз дар даврони истиқлол ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии башарият сухан гуфт.

Дар ин китоб, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии иттилоот ва шабакасозӣ барои мероси фарҳангии ғайримоддии Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (UNESCO ICHCAP), Муассисаи байналмилалии мутолиоти Осиё (IICAS) ва Хадамоти мероси Корея таҳия шудааст, мақолаҳои муҳаққиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар бораи анъанаҳо ва аҳаммияти башарии Наврӯз гирдоварӣ шудаанд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Март 20, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна