Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд

Март 24, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Рушону Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб ин ҷашни аҷдодиро бо риояи оинҳои он таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Аз ҷумла, дар боғи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз чорабинии хотирмон баргузор гардид.

Зимни таҷлили ин иди ниёгон озмуни «Беҳтарин суруди наврузӣ», ки дар байни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Ғолибони ин озмун муайян ва бо сипосномаю туҳфаҳои пурарзиш қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 24, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид