Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашуди дохилшавӣ (ИМД)-2026 оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 50 нуқтаи бақайдгирии доимӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил гардид.
Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар ИМД 2026 доранд, тибқи тартиби муқарраргардида бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис намоянд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо доир шуда, шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонааш хизматрасонии «Пешномнависӣ» ташкил намудааст. Довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашуди дохилшавӣ (ИМД)-2026 то 28 апрел идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид






