Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Мақсади баргузории ҷаласа аз иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидори нав, фаъол гардонидани иқтидори амалкунанда ва дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисоди мамлакат иборат буд.
Гуфта шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 бояд муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои март ва апрел гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






