«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ба шумор меравад. Ин мусобиқа чанд маротиба аст, ки беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳонро дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷамъ меорад.
Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд.
Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии имконоти варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






