Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Маорифи олӣ ва илми Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон доир шуда, майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду давлат арзёбӣ гардид.
Мақсад аз баргузории форум таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифи олӣ ва илм, рушди робитаҳои академӣ, густариши табодули таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи таълимӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки чунин чорабиниҳо дар баробари мусоидат ба рушди робитаҳои байнидонишгоҳӣ барои наздиктар гардидани халқҳои бародар ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб рафта, ҳамкории ду кишвар дар ин самт ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ такя мекунад.
Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Қунғратбой Шарипов афзуд, ки ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни донишгоҳҳои ду давлат солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфта, барои рушди таҳқиқоти муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ба андешаи ӯ, форумҳои ректорон имконияти хуби табодули таҷриба, баррасии масъалаҳои мубрами рушди таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов изҳор дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистон солҳои охир ба сатҳи нав баромада, бахши маориф ва илм дар ин раванд мавқеи муҳим дорад. Ба таъкиди ӯ, густариши ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду давлат, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.
Изҳор гардид, ки имрӯз ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври фаъол рушд ёфта, хусусияти амалӣ касб намудаанд. Барномаҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таври васеъ татбиқ гардида, баргузории форумҳои ректорон, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба густариши робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо мусоидат менамояд. Баргузории ду форуми қаблии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе ва Тошканд, таъсиси факултети муштарак байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, инчунин амалисозии барномаҳои табодули омӯзгорону донишҷӯён намунаи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии ду давлат мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд. Ин заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ ва академии ду давлат мебошад.
Дар идомаи форум ректорони якчанд донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон маъруза намуда, масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкории илмӣ, густариши барномаҳои таълимии муштарак, рушди таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро баррасӣ карданд. Дар доираи чорабинӣ маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, ки ба густариши робитаҳои академӣ ва рушди барномаҳои муштараки таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Иштирокчиёни форум иброз намуданд, ки густариши ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои рушди илму маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд






