ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Чакан на танҳо санъати гулдӯзӣ, балки рамзи ҳувият, фарҳанг ва таърихи тоҷикон мебошад. Ин ҳунари беназир асрҳои зиёд боқӣ монда, имрӯз низ рушд меёбад. Бешубҳа, ҳифз ва рушди чакан на танҳо вазифаи ҳунармандон, балки масъулияти ҳар фарде мебошад, ки ба фарҳангу таърихи худ арҷ мегузорад. Куртаю почаи чаканро занону духтарон одатан дар рӯзҳои ид, махсусан дар Наврӯз ба бар менамоянд, ки ин далели арҷгузории занону духтарони тоҷик ба фарҳанги қадимии ниёгон мебошад.Чакан аз гулпарвару гулдаст, дорои завқи баланд будани занону духтарони тоҷик дарак медиҳад.
Чакан-оинаи таъриху фарҳанги тоҷикон
Чакан бештар дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Дар он зебоӣ ва нафосат тавъаманд. Ҳар нақшу нигоре, ки дар он офарида мешавад, маънои амиқ дошта, ҷаҳони ботинии инсон ва муносибати ӯро бо табиат ва ҳастӣ таҷассум мекунад.
Ҳунармандони чакандӯз мегӯянд, ки онҳо дар куртаи чакан рамзи аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора ва пойи гунҷишкро тасвир менамоянд, ки ба назар ҷолиб ва диданӣ менамояд ва маънои хос дорад. Масалан, Офтоб рамзи рӯшноӣ ва некӣ, гулҳо нишонаи зебоӣ ва шукуфоӣ, доираҳо аломати ҳаёт ва муттаҳидӣ мебошанд.
Чакандӯзӣ чӣ сир дорад?
Ҳунармандон чаканро бо маҳорати баланд гулдӯзӣ менамоянд. Барои омода намудани курта ва почаи чакан матои пахтагӣ, абрешим ё адрас истифода мегардад, ки рангаш бештар сафед ё сурх мебошад. Ба андешаи ҳунармандон, барои гӯлдузон нақш муҳим аст. Сипас, бо риштаҳои ранга, ки асосан аз абрешими табиӣ тайёр карда мешаванд, ҳунармандон нақшҳои гуногунро дастӣ медӯзанд.
Ба таъкиди онҳо, ҳар ранг бо ранги дигар маънои хос дорад. Масалан, гулҳои панҷбарга ва ҳафтбарга, ки дар чакан хеле маъмуланд, рамзи панҷ унсури ҳаёт ва ҳафт осмон мебошанд, ки чеварон онро бо сабки аҷиби гулдӯзӣ ба тасвир меоранд. Барои наврасон рангҳои хос ва гулҳои навруста бештар гулдӯзӣ мешаванд.
Эътирофи чакан чун бахши муҳими фарҳангӣ
Бояд гуфт, ки ҳунари чакандӯзӣ ҳамчун бахши муҳими фарҳанги миллӣ соли 2018 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин аз арзиши баланд ва эътирофи байналмилалии он дарак медиҳад. Он на танҳо санъати миллӣ, балки ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии тоҷикон мебошад.
Ба таъкиди фарҳангшиносон, чакан на танҳо як санъат ё ороиши матоъ, балки ҷузъи муҳими таърих ва маънавиёти миллати тоҷик аст.
Имрӯзҳо ин ҳунар на танҳо дар либосҳои миллӣ, балки дар тарҳҳои муосири мӯд низ истифода мегардад. Он дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, фестивалҳои фарҳангӣ ва маъракаҳои мӯд ҷойгоҳи хос пайдо карда, диққати ҷаҳониёнро низ ҷалб намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






