Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад

Март 4, 2026 09:21

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026», ки ҳамасола дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, иштирок намуда, имконияту иқтидори сайёҳии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоишгоҳи «ITB Berlin», ки имсол аз 3 то 5 март идома меёбад, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад.

Иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими мавқеи кишвар дар бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Дар доираи намоишгоҳ имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва масирҳои нави сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд. Бахусус, имконияти сайёҳии пойтахт — шаҳри Душанбе, аз ҷумла осорхонаҳо, маҷмааҳои фарҳангӣ, боғҳои фароғатӣ ва иншооти замонавӣ ба меҳмонон пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамзамон тарғиби ҷашну анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Чашни байналмилалии Наврӯз, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги меҳмондорӣ ва таомҳои миллӣ ҳамчун бахши муҳими бренди сайёҳии мамлакат муаррифӣ мегарданд.

Дар чорчӯби намоишгоҳ вохӯриҳои B2B-и намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, операторони байналмилалӣ ва сармоягузорон пешбинӣ шудааст. Ин вохӯриҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории мустақим, ҷалби сармоя, таъсиси масирҳои муштараки сайёҳӣ ва афзоиши гардиши сайёҳон мусоидат хоҳанд кард.

Иштирок дар «ITB Berlin» инчунин ба дарёфти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти ташкили намоишгоҳҳо ва истифодаи технологияҳои муосири маркетинги сайёҳӣ мусоидат менамояд. Таҷрибаи андӯхта дар такмили баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) самаранок истифода хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат муайян гардида, иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷузъи муҳими татбиқи ин стратегия ба шумор меравад.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «ITB Berlin» барои таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 4, 2026 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст