«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявии «Ҳикмати Модар» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом гулдухтарони Кумита ба аёдати собиқадорон ва занони фаъолу хизматнишондодаи соҳаҳои гуногун рафта, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва армуғони баҳорӣ либоси миллии тоҷикӣ тақдим менамоянд. Ин ташаббус нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти нақши занону модарон дар ҷомеа мебошад.
Мақсад аз тақдими либоси миллӣ ба занон эҳёи суннатҳои неки миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар байни ҷомеа мебошад. Либоси миллӣ муаррифи таърих, тамаддун ва ҳувияти ҳар миллат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон мақому манзалати занону модаронро пайваста таъкид намуда, чунин иброз доштаанд: «Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, тавъам омадани Рӯзи Модар бо оғози фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз рамзи неку саодатмандист».
Иқдоми «Ҳикмати Модар» ҳамчун ташаббуси муҳимми маънавӣ дар самти таҳкими эҳтиром ба занону модарон ва тарғиби арзишҳои миллӣ идома дорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






