Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид

Март 5, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ»- и Зубайдулло Давлатов, ки ба тозагӣ аз чоп баромадааст, рӯнамоӣ гардид. Китоб  аз 62 боб иборат буда, дар он моҳияти истиқлолият, нақши он дар ташаккули давлатдории муосир,  таъсири он ба худогоҳии сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоби ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба нашр расидааст.

Зимни рӯнамоии китоб мудири шуъбаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зафар Саидов иброз дошт, ки китоб ба таҳлили фарогир ва мукаммали масъалаҳои марбут ба Истиқлолияти давлатӣ, ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Иброз гардид, ки ин китоб дар заминаи таҷрибаи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии мамлакат навишта шуда, истиқлолиятро на танҳо ҳамчун воқеаи таърихӣ, балки чун раванд ва масъулияти доимии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баррасӣ менамояд.

Дар рӯнамоии китоб  олимону муҳаққиқон ва устодон доир ба таҳлилҳо ва мавзуъҳои дар китоб баррасишуда андешаҳояшонро пешниҳод намуданд.

Китоб барои олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳама хонандагоне, ки ба масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсати миллӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, ҳамчун манбаи муҳими назариявӣ ва амалӣ хизмат мекунад.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 5, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад