МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) аз 2 март то 28 апрел идома меёбад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модаронро даъват намудааст, ки аз интихоби фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил бояд огоҳии кофӣ дошта бошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин марказ.
Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб менамоянд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.
Ба андешаи мутахассисон, ҳангоми интихоби ихтисос ё касб довталаб бояд бештар дониш ва лаёқату истеъдодашро ба назар гирад ё пеш аз интихоб бо мутахассиси он соҳа машварат намояд. Бояд хуб андешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст. Инчунин ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5-6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар мавриди кам будани талаби бозори меҳнат ба он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад.
Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар ва омӯзгорро ба эътибор гирифтан ба нафъи довталабон мебошад.
Ҳар кас бояд ихтисосе интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату дониш, тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онро интихоб кунад. Танҳо дар ҳамин ҳолат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.
Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бораи дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну наздикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯ шудан довталабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳорату малакаи худ вақту муҳлати то оғози имтиҳонҳо боқимонда ва шароиту имконияти муҳайёкардаи Марказро барои азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода баранд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи намунаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонӣ, ки Марказ таҳия ва нашр намудааст, ҳамчунин хизматрасонии «Худро бисанҷ» ёрӣ мерасонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






