Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид

Март 12, 2026 13:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими идоракунии захираҳои об, инчунин мушкилот ва хатарҳои муосир дар соҳаи об зимни мулоқоти роҳбарияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаҳои истифодаи устувори захираҳои об, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҳамсуҳбатон аҳамияти густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои таҳкими амнияти обӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 12, 2026 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об