Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии мусоид барои таҳкими худшиносии иҷтимоӣ ва густариши иштироки онҳо дар раванди идоракунии давлатӣ фароҳам овард. Дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ занони тоҷик имконият пайдо намуданд, ки неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии худро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ созанд.
Дар шароити муосир доираи иштироки занон на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар фазои байналмилалӣ низ тавсеа меёбад. Афзоиши шумораи духтароне, ки ба таҳсилоти миёна ва олӣ фаро гирифта шудаанд, нишондиҳандаи равшани таҳкими мавқеи иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ байни занон маҳсуб мешавад.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии онҳо ва таҳкими мақоми иҷтимоии зан ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардидааст. Баробарии гендерӣ имрӯз на танҳо ба маънои эътирофи ҳуқуқҳои баробар маҳдуд намешавад, балки фароҳам овардани имконияти воқеӣ барои иштироки фаъоли занон дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро низ дар бар мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006 зимни мулоқот бо занони ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки «ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар- ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Ин суханон моҳияти сиёсати давлатии Тоҷикистонро нисбат ба занон равшан инъикос менамоянд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон, бахусус занон давраи санҷиши ҷиддӣ ва пур аз мушкилот буд. Бо вуҷуди ноустувории вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ занон аз ҷараёни идоракунии давлатӣ дур намонданд. Онҳо дар муҳокимаи умумихалқии Конститутсия, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи покизагии маънавии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, нақши созанда ва ибратбахш нишон доданд.
Бо дарки аҳамияти баланд бардоштани мақоми занон ва ҷалби онҳо ба раванди рушди давлат Ҳукумати Тоҷикистон пас аз дарёфти Истиқлоли давлатӣ барои таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон шароити мусоид муҳайё намуд. Мавриди гуфтан аст, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ роҳбарияти олии мамлакат барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, инчунин ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлат ва интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон тадбирҳои муассир андешид. Ин масъала ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доштааст.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро таҳия намуда, барои таъмини баробарии гендерӣ ва имконияти баробар дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми занон якчанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии устувор барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатиро фароҳам оварданд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробар дар амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон (2011–2020; 2021–2030), инчунин барномаҳои давлатӣ оид ба омодасозӣ ва таъйини кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд қабул ва татбиқ гардиданд.
Ин тадбирҳо ба густариши намояндагии занон дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда, саҳми онҳоро дар идоракунии давлатӣ ва раванди қабули қарорҳо тақвият додааст. Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи қонунгузории миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ марҳала ба марҳала таҳия ва рушд ёфта, ба таҳкими баробарии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои мардону занон равона шудааст. Занон дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳқиқоти гендерӣ ва пешбурди барномаҳои иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Бинобар ин, мақоми зан дар ҷомеа устувортар гардида, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ васеъ шудаанд. Истиқлоли давлатӣ барои занони тоҷик фазои мусоид муҳайё намуд, то неруи созандаро барои пешрафти мамлакат ва рушду ободии ҷомеа равона созанд.
Имрӯз занону духтарони тоҷик дар мақомоти қонунбарор, иҷроия ва суд, инчунин дар сохторҳои гуногуни давлатӣ вазифаҳои муҳим ва масъулро бар уҳда доранд. Ин нишондиҳандаи баланд будани эътимод ва эҳтироми давлат нисбат ба занон ва нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Дар ин замина нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи замон аст. Бо таҳкими ҷойгоҳи занон ва таъмин намудани имконияти баробар барои онҳо метавонем пояҳои ҷомеаи адолатпарвар ва пешрафтаро устувор гардонем. Зеро ояндаи миллат ва тавсеаи рушди ҷомеа ба маърифат, фаъолият ва масъулияти зан – модар вобаста мебошад.
Парвина МУҲАММАДАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Модар занону модарони фаъол қадрдонӣ карда шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модарро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«ЗАНОНУ МОДАРОН — ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ». Дар Бохтар ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд






