Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид, ки то 27 март идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав иттиллоъ доданд, мақсади баргузории намиошгоҳ таҳкими ҳамкории иқтисодию саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон арзёбӣ мегардад.
Дар намоишгоҳ беш аз 80 корхона ва ширкати саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро аз таҷҳизоти истеҳсолӣ то маҳсулоти инноватсионӣ ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи чорабинӣ форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B) барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя баргузор мегарданд.
Ин намоишгоҳ қадами муҳим дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодию саноатии ду кишвар ба шумор меравад.
АКС: УзА








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






