«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд

Март 25, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо пазироии руҳияи замони нав, ки  мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст, таҷлил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангии наврӯзӣ иброз гардид, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва оини суннатии ниёгони тоҷикон бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шаҳр намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суфраи наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаҳои мероси ниёгон, кишоварзон, варзишгарон ва амсоли инҳоро ба маърази намоиш гузоштанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, «дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташкил додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаю нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 25, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд