Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Март 6, 2026 08:51

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи бонувон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.

Дар ҷамъомад нақш ва мақоми занон дар ҳифз, рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Иброз гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат, бахусус ташаббусҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар ҷомеаи тоҷик занон аз рӯйи анъана «чароғи хонадон» ва нигаҳбони асосии идомаи насл ҳисобида мешаванд. Зани тоҷик, пеш аз ҳама, модар ва муаллими нахустин аст. Маҳз занон тавассути аллаи модар, афсонаҳо ва ривоятҳо дар кӯдакон муҳаббатро ба забони модарӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва диёру Ватан мепарваранд, унсурҳои ахлоқи ҳамидаро аз насл ба насл интиқол медиҳанд, ки асоси ҳувияти тоҷикон аст.

Пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ мунтазам баргузор гардида, барои густариши таҳқиқот дар самти нақши зан дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа муфиданд.

АКС: Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 6, 2026 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд