Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид

Март 31, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) китоби «Таъсири ҳолати муосири яхбандиҳо ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккули маҷрои дарёҳо (Помири ҷанубу ғарбӣ, Тоҷикистон)» аз тарафи нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба забони русӣ ба нашр расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, муаллифони монография сарходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, доктори илмҳои техникӣ, профессор Алӣ Фозилов ва ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳофиз Наврӯзшоев мебошанд.

Монография аз 5 боб – «Пиряхҳо – асоси захираҳои оби Тоҷикистон», «Яхбандии ҳавзаи дарёи Ғунд ва таъсири он ба захираҳои оби минтақа дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таҳқиқоти глятсиологӣ. Системаи мушоҳидавӣ. Методология ва технологияҳои муосир», «Ҳолати муосири кӯлҳои баландкӯҳи ҳавзаи дарёи Ғунд» ва «Тавсияҳо оид ба татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот» иборат буда, зимни таълифи он муаллифон аз 190 сарчашмаи илмӣ истифода намудаанд.

Китоб натиҷаи пажуҳиши маҷмуии равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ, дар мисоли ҳавзаи дарёи Ғунд буда, таҳқиқот бо истифода аз усулҳои муосири зондкунонии фосилавӣ ва инчунин мушоҳидаҳои саҳроии бевосита дар кӯлҳову пиряхҳои ин ҳавза анҷом дода шудааст. Монография дар асоси маълумоти шаш соли охир доир ба тағйирёбии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии ҳавзаи дарёи Ғунд рӯйи чоп омада, дар он оид ба ҳаҷми тавозунии пиряхи №457, динамикаи кӯлҳои пиряхӣ ва амсиласозии рахнашавии онҳо ба таври муфассал маълумот дода шудааст.

Ҳаҷми тавозунии пиряхи №457 нишондиҳандаи хеле муҳим буда, афзоиш ё коҳишёбии ҳаҷми яхро инъикос мекунад ва барои таҳлили тамоюлоти бисёрсолаи тағйирёбии иқлими минтақа ҳамчун манбаи арзишманди маълумот хизмат менамояд.

Динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ низ барои экосистемаҳо, бехатарии манотиқи аҳолинишини поёноб нақши муҳим дошта, амсиласозии сенарияи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ имкон медиҳад, ки пайомадҳои эҳтимолӣ пешгӯӣ карда шаванд ва инчунин тадбирҳо барои пешгирии ин офатҳои фалокатбор таҳия гарданд.

Дар маҷмуъ, натиҷаҳои бадастомада аз омӯзишу пажуҳиши ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои баландкӯҳи ҳавзаи дарёи Ғунд маълумоти арзишманди илмӣ буда, барои таҳияи стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои баландкӯҳ, дар мисоли ҳавзаи болозикр бағоят муҳиманд.

Монографияи «Таъсири ҳолати муосири яхбандиҳо ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккули маҷрои дарёҳо (Помири ҷанубу ғарбӣ, Тоҷикистон)» дар доираи фаъолияти муштараки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва Маркази омӯзиши пиряхҳо таълиф гардида, натиҷаҳои онро метавон дар соҳаҳои метеорология, гидрология, глятсиология, бехатарии иншоот ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода ба таври васеъ истифода намуд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 31, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об