Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд

Март 10, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Ширкати Parimatch Tajikistan ва яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи кишвар —«Истаравшан» расман аз оғози ҳамкории муштарак хабар доданд. Тибқи созишномаи баимзорасида, Parimatch шарики расмии даста мегардад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Марҳилаи нави ҳамкорӣ ба рушди футбол дар вилояти Суғд ва ҳамчунин ба густариши маъруфияти варзиш дар байни мухлисон равона шудааст. Ҷонибҳо ният доранд як қатор ташаббусҳои бузурги маркетингиро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, баргузор намудани аксияҳои муштарак, чорабиниҳои интерактивӣ дар варзишгоҳи хонагии даста — «Истаравшан-Арена», инчунин таҳияи муҳтавои махсус барои яке аз бузургтарин ва вафодортарин ҷомеаҳои мухлисони футбол дар кишвар дар назар аст.

Дастаи футболи «Истаравшан» дастае аст, ки таърихи бой ва дастгирии пурқуввати мухлисон дорад. Даста шаҳри қадимаи Истаравшанро намояндагӣ карда, бо руҳияи муборизона ва услуби ҷолиби ҳамлагаронаи бозӣ шинохта шудааст. Дар мавсими нав даста ҳадаф дорад мавқеи худро дар байни пешсафон мустаҳкам намуда, ба мухлисон бозии тамошобоб пешкаш кунад.

Намояндаи дастаи футболи «Истаравшан» оғози ҳамкорӣ ва омодагии дастаро чунин шарҳ дод, ки  «Мо ба мавсими нав бо хоҳиши бузурги пирӯзӣ ворид мешавем. Даста давраи ҷамъомадҳои тамриниро хеле хуб гузаронд: пояи мустаҳками омодагии ҷисмонӣ гузошта шуд ва схемаҳои тактикӣ муфассал кор карда шуданд. Бозингарон пур аз неру ҳастанд ва омодаанд барои мухлисони худ тамоми қувваашонро дар майдон гузоранд. Хушҳолем, ки дар чунин лаҳзаи муҳим моро бренди пуриқтидор ва муосире мисли Parimatch дастгирӣ мекунад. Бовар дорам, ки ҳамкории мо ба даста неруи тоза мебахшад ва якҷо ба шаҳри худ пирӯзиҳои зебои зиёде тақдим мекунем».

Инчунин намояндаи Parimatch Tajikistan низ аҳамияти ин созишномаро таъкид карда, илова намуд, ки «Барои мо боиси ифтихори бузург аст шарики клубе мешавем, ки дорои таърихи ғанӣ ва дастгирии воқеан таъсирбахши мухлисон дар варзишгоҳи 20-ҳазорнафара мебошад. «Истаравшан» ҳамеша бо дилу ҷон ва фидокорӣ бозӣ мекунад ва ин руҳия пурра ба арзишҳои бренди мо мувофиқ аст. Мо барои мухлисон фаъолияти ҷолиб ва нав омода кардаем ва омодаем якҷоя футболи тоҷикро ба сатҳи нав барорем».

Дар бораи Parimatch Tajikistan

Parimatch яке аз брендҳои пешсафи байналмилалии букмекерӣ мебошад, ки рушди варзишро ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ширкат шарики боэътимоди бисёр ташкилот ва клубҳои варзишӣ буда, мунтазам ташаббускори лоиҳаҳо барои тарғиби варзиш дар кишвар мебошад.

Дар бораи дастаи футболи «Истаравшан»

Дастаи футболи «Истаравшан» яке аз дастаҳои машҳур ва дорои анъанаҳои бойи футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Даста бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи «Истаравшан-Арена» бо ғунҷоиши 20 000 тамошобин баргузор мекунад ва дорои яке аз калонтарин ва содиқтарин ҷомеаҳои мухлисони футбол дар кишвар мебошад. Даста бо фазои хоси футболиаш машҳур буда, дар рушди варзиш дар минтақа саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Parimatch Tajikistan

Март 10, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд