PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Parimatch Tajikistan ва яке аз бошгоҳҳои бонуфузи футболи кишвар — ФК «Хуҷанд» расман аз оғози ҳамкорӣ хабар доданд. Тибқи созишномаи баимзорасида, Parimatch шарики расмии клуб гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Марҳилаи нави ҳамкорӣ ба рушди футбол дар вилояти Суғд ва густариши маъруфияти варзиш миёни мухлисон дар саросари Тоҷикистон равона шудааст. Тарафҳо ният доранд як қатор ташаббусҳои бузурги маркетингиро амалӣ намоянд, аз ҷумла баргузории аксияҳои муштарак, чорабиниҳои интерактивӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» ва инчунин омода кардани муҳтавои ҷолиб барои ҳаводорон.
ФК «Хуҷанд» панҷкарата барандаи Ҷоми Тоҷикистон буда, яке аз дастаҳои таърихии футбол дар кишвар ба шумор меравад. Ин клуб ягона дастаест, ки дар тамоми мавсимҳои Лигаи олии Тоҷикистон пайваста иштирок кардааст. Дар мавсими ҷашнӣ даста ҳадаф дорад барои ба даст овардани ҷоизаҳои олӣ мубориза бурда, футболи ҷолибу тамошобоб нишон диҳад.
Намояндаи ФК «Хуҷанд» дар робита ба оғози ҳамкорӣ ва омодагии даста чунин изҳор дошт:
«Мо мавсими навро бо орзуву ҳадафҳои баланд оғоз мекунем. Даста тамринҳои пуршиддат гузаронд: мо заминаи қавии омодагии ҷисмониро фароҳам оварда, схемаҳои тактикиро муфассал коркард намудем. Бачаҳо омодаанд дар майдон тамоми неруи худро сарф кунанд. Хушҳолем, ки дар чунин лаҳзаи муҳим моро бренди пуриқтидор ва муосире чун Parimatch дастгирӣ мекунад. Бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ ба даста неруи иловагӣ мебахшад ва мо бо ҳам мухлисонро бо пирӯзиҳои зиёд шод хоҳем кард».
Намояндаи Parimatch Tajikistan низ аҳамияти ин созишномаро таъкид кард:
«Барои мо ифтихори бузург аст, ки шарики клубе мегардем, ки таърихи бой ва дастгирии қавии мухлисон дорад. «Хуҷанд» ҳамеша барои ҷойҳои баланд мубориза мебарад ва ин рӯҳияи пешсафӣ бо арзишҳои бренди мо комилан ҳамоҳанг аст. Мо барои мухлисон сюрпризҳои зиёде омода кардаем ва омодаем, ки якҷоя футболи тоҷикро ба сатҳи нав барорем».
Дар бораи Parimatch Tajikistan:
Parimatch яке аз брендҳои пешсафи байналмилалии букмекерӣ буда, рушди варзишро ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ширкат шарики боэътимоди бисёр ташкилоту бошгоҳҳои варзишӣ мебошад ва пайваста ташаббускори лоиҳаҳои таблиғу рушди варзиш дар кишвар мегардад.
АКС: Parimatch Tajikistan










Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд






