Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст

Март 22, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми тоҷик ба шумор рафта, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат табдил ёфтааст. Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё, ҳифз ва муаррифии ҷаҳонии Наврӯз назаррас мебошад.

— Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд бардошта шуда, анъанаҳои миллӣ, урфу одат ва суннатҳои ниёгон эҳё гардиданд. Имрӯз Наврӯз дар саросари мамлакат бо иштироки васеи мардум, баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои суннатӣ таҷлил карда мешавад. Ин ҳама ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон мусоидат менамояд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар самти муаррифии Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ ба талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни бостонӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шуд. Дар натиҷа соли 2009 Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуда, 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ин иқдом ба густариши фарҳанги сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳои ҷаҳон мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки соли 2009 бо заҳмату талош ва ташаббуси  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи   ёдгории ғайримоддии  фарҳангии башарият  дохил карда шуд. Ин иқдоми муҳим бори дигар собит сохт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мардуми тоҷик, балки мероси арзишманди умумибашарӣ мебошад.

Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон ҳамоишҳои байналмилалӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ вобаста ба ҷашни Наврӯз мунтазам баргузор мегарданд. Дар чунин чорабиниҳо намояндагони давлатҳои гуногун иштирок намуда, бо фарҳанг, таърих ва суннатҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Ин раванд барои таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва густариши робитаҳои дӯстона дар байни миллатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе гардид. Ба ин муносибат дар пойтахти мамлакат конфронси байналмилалии «Наврӯз – 2012» ва тантанаҳои бошукуҳи идона баргузор шуданд. Дар ин чорабинӣ сарони давлатҳо ва намояндагони беш аз 40 давлат ва 35 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар баробари муаррифии байналмилалии ҷашни Наврӯз дар дохили мамлакат низ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва густариши анъанаҳои ин ҷашни бостонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз ҷумла, солҳои охир таҷлили Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «Деҳа ба деҳа» ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи асосии ин ташаббус таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагӣ байни сокинон, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди фарҳанги мардумӣ ва баланд бардоштани ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар доираи ин ташаббус сокинони деҳот бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ ва омода намудани таомҳои суннатӣ Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Ҳамчунин пеш аз ҷашн корҳои ободонӣ, тоза кардани кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва беҳтар намудани муҳити зист анҷом дода мешаванд, ки ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, бо фаро расидани он табиат эҳё гардида, руҳу равони инсон низ ба зиндагии нав ва умедҳои тоза рӯ меорад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими фалсафаи Наврӯз баробарӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад. Дар ин ҷашни мардумӣ хурду бузург бе тафовут иштирок намуда, бо ҳам шодӣ мекунанд.

Имрӯз Наврӯз дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад ва ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо эътироф шудааст. Бешубҳа, ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ба талошу ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич дорад.

Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил ва сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат Наврӯз воқеан ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст. Имрӯз мардуми Тоҷикистон онро бо ифтихор ва эҳтироми хосса таҷлил менамоянд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар сокини мамлакат аст, ки арзишҳои волои Наврӯз – сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро гиромӣ дошта, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорад.

Зуҳро ҲАКИМЗОДА,
муовини Раиси ноҳияи Данғара

АКС аз муаллиф

Март 22, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид