Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд

Март 29, 2026 10:02

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар иншооти фарҳангӣ толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти мазкур баъди муддати тӯлонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.

Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумӯи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ 29.03.2026

Март 29, 2026 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд