ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад

Март 23, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Маҳз  анъанаҳои фарҳангӣ Наврӯзро то имрӯз зинда нигоҳ доштаанд. Аз гузаштаҳои дур занони тоҷик ба ороиши рӯй, чашму абрӯ ва ғайра аҳамияти зиёд медоданд. Барои занону духтарон, алалхусус арӯсон оро додани чашму абрӯ мояи зебоӣ ва шуғли ҳаррӯзаашон мебошад. Аз қадим занони Шарқ бо усули оро додани чашму абрӯи хеш фарқият доранд. Занони тоҷик дар деҳаҳои дурдаст бештар чашму абрӯи худро бо сурмаю ӯсмаи  табиӣ оро медиҳанд.

Ӯсмакашӣ як қисми ороиши суннатӣ аст. Васма, вусма, ӯсма гиёҳест, ки занону духтарон баргҳои онро фишурда, оби сабзашро ба абрӯвон ва мӯи худ мемоланд. Баландии вусма то 25-100 сантиметр расида, поя ва баргҳояш ранги сабзи нилгун доранд. Барои кашидан ба чашму абрӯ барги ӯсмаи тахминан 10-25 сантиметраро истифода мебаранд.

Анъанаи ӯсмакашӣ чун мероси ниёгон дар байни занону модарони тоҷик хеле маъмул аст. Ӯсма ба абрувон тобиши сабзи хокистарранг медиҳад. Дар мавриди мунтазам кашидани ӯсма абрувон ба худ ранги сиёҳи ғализ мегиранд, ки ин ҳусну ҷамоли занонро даҳчанд зебо мекунад.

Баргҳои тару тозаи онро гирифта, 10-15 дақиқа то пажмурда шуданашон дар соя нигоҳ медоранд,  баргҳои пажмурдаро то ҳосил шудани шираи он кафмол мекунанд, шираи ҳосилшудаи ӯсма дар таги пиёла, яъне чуқурчаи таги он ҷамъ мешавад. Сипас афшурдаи тару тозаи онро дар абрӯ мемоланд. Ин амалро то тамом шудани оби ӯсма такрор мекунанд. Баъди хушк шудани ӯсма абрӯвонро бо об эҳтиёткорона мешӯянд.

Барои захираи фасли зимистон ӯсмаро хушконида, майда мекунанд. Дар вақти даркорӣ ба он оби ҷӯшонида ҳамроҳ карда, то хунук шуданаш нигоҳ медоранд. Он барои молидан тайёр мешавад. Ӯсмаро ҳамчунин ба пӯсти сар, мӯйҳо, пилкҳои чашмон ва мижгонҳо мемоланд. Хусусияти шифобахшиаш дар он аст, ки  биноиро хуб мекунад.

Агар кас ҳар рӯз ӯсма кашад, баъд аз 2 ҳафта абрӯвон ва мижжаҳояш ғафсу сиёҳ ва хушрӯй мешаванд. Равғани ӯсма барои табобати резиши мӯй ва барқарорсозии решаи осебрасидаи мижгонҳо, абрӯвон ва мӯйҳо истифода мешавад. Равғани тозаи ӯсмаро шабона ба қош ва мижжа молида, саҳар бо собун мешӯянд.

СУРМА. Онро занҳои тоҷик аз замонҳои қадим истифода мебаранд. Он на танҳо зебоии чашмро меафзояд, балки равшании онро низ беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, сурма хусусияти тандурустӣ ҳам дорад. Сурма 2 навъ мешавад: говӣ ва сангӣ.

Сурмаи говиро занон аз  равғани гов тайёр менамоянд. Асбоби махсуси пухтани сурма вуҷуд дорад. Чароғи дастие, ки дорои пилтаи махсус аст, барои сурмапазӣ истифода мешавад. Яъне, равғани говро дар чароғ мерезанд ва он об мешавад. Дар вақти сӯхтанаш ба болояш косаи алюминиро то пурра сӯхтани равған пурӯ менамоянд. Вақте ки равған сӯхта, тамом шуд, коса аз болои чароғ гирифта мешавад. Даруни коса пури дуди аз равған хориҷшуда мегардад. Ин сиёҳиро дар зарфе ҷамъ карда мегиранд. Онро дар халтачаҳои махсус нигоҳ дошта, нӯги донаи гӯгирдро сӯзонида, борик мекунанд ё яке аз донаҳои дандонхилолро гирифта, ба сурмаи дохили халтача тар намуда, ба чашм мемоланд. Ин навъи сурма нури чашмро зиёд мекунад ва газаки чашмро мегирад.

Сурмаи сангӣ табиӣ мебошад. Онро аз кӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас менамоянд. Он дар кӯҳҳои шаҳри Хоруғ, Поршинев ва аз ҳама зиёдтар дар кӯҳҳои ноҳияи Ишкошим вомехӯрад. Санги сурмаро бо оби хунук тоза мешӯянд ва дар як истакон шир (то хушк шудани он) меҷӯшонанд. Ва ё дар зарфе як пораи равғанини гӯшти говро гирифта, санги сурмаро ба он ҳамроҳ намуда, дар оташи паст меҷӯшонанд. Дар ин безараргардонӣ санг равғаннокиро ба худ ҷаббида гирифта, фоиданок мегардад. Санги сурма барои истифода тайёр карда мешавад. Аз ягон пораи он сангдаст низ тайёр мекунанд. Сангдаст борик буда, вазифаи чӯбчаи сурмакаширо адо мекунад. Мардуми  Бадахшон санги сурмаро «чиртс» ва сангдастро, ки барои молидани сурма ба чашм хизмат мерасонад, «бонҷ» мегӯянд. Ин навъ сурма газаки чашмро гирифта, нури чашмро зиёд менамояд. Онро ба чашму абрӯвони кӯдакони навзод низ мемоланд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд