Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд

Март 26, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб чоҳи амудӣ ва хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Бо ба истифода додани чоҳи амудӣ ва хатти оби нӯшокӣ тамоми сокинони деҳаи Сангпар бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд, ки ин ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли равон оғоз гардиданд. Маблағи умумии лоиҳа 1 миллион сомониро ташкил дода, сохтмон дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.

Изҳор гардид, ки татбиқи чунин иқдомҳо дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинон нақши муҳим дошта, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар маҳал мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 26, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад