Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд

Март 23, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 март ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мастчоҳ чорабинии бошукуҳ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва сокинони гуногункасб иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва падидаи зебои ҳамзистии инсон бо муҳити атроф ба шумор меравад.

Иброз гардид, ки мардуми тамаддунофари тоҷик давоми ҳазорсолаҳо ин ҷашни муқаддасро ҳифз намуда, онро ба наслҳои имрӯз мерос гузоштааст. Наврӯз имрӯз ба омили муҳими таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо табдил ёфтааст.

Наврӯзи имсола барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ дорои аҳамияти хосса буда, дар шароити вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамзамон сокинони ноҳия ҷашни 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзинро истиқбол намуда, дар ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо заҳмати шабонарӯзии сокинон ва дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат дашти Дилварзин, ки замоне беобу ташналаб буд, имрӯз ба минтақаи ободу шукуфон табдил ёфтааст.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ бо истифода аз имконияти мавҷуда ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёр талош намуда, ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Март 23, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд