Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 8 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Соли 2025 ҳамзамон 7 корхонаи нави истеҳсолӣ дар самтҳои истеҳсоли сару либоси ҳама синну сол, истеҳсоли заргарӣ, сафолакҳо, хишти сабук, оҳак, обҳои ташнагишикан ва истеҳсоли гӯшт бо ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бо таъсиси 1400 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд иброз намуд, ки истифодаи самараноки иқтидори нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида барои афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар соли 2025 заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби 854 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 6,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 1,6 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот 128,5 миллион сомонӣ ё 29,4 фоиз, саноати коркард беш аз 4,1 миллиард сомонӣ ё 19,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 2,5 миллиард сомонӣ ё 31 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 130 миллион сомонӣ ё 1,6 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бештар таъмин гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






