Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд

Март 2, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус соли 2026 аз 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ истиқбол менамоянд. Дар бораи дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият, афзалияти сиёсати дохиливу хориҷӣ, инчунин раванди рушд ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Беларус Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода дар мусоҳиба бо агентии БЕЛТА ибрози назар намуд.

Бахтовар Сафарзода гуфт, ки 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мамлакат бо натиҷаҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷамъбаст гардид. Соли 2025 дар фазои ошкоро ва шаффоф интихоботи вакилони парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ баргузор шуд, ки садоқати ҷумҳуриро ба такмили минбаъдаи ниҳодҳои давлатӣ бори дигар тасдиқ намуд.

Рӯйдоди таърихӣ ҳалли ниҳоии масъалаҳои марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки зиёда аз як аср ҳалношуда боқӣ монда буд. Имзои созишнома оид ба хати сарҳади давлатӣ, инчунин созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ барои таҳкими эътимод ва субот дар Осиёи Марказӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Тоҷикистон татбиқи фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлимро идома дод. Мамлакат дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки мутобиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, раисӣ намуд. Моҳи майи соли 2026 дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мешавад, ки марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби соли 2026 хоҳад буд.


Ҳамзамон бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намуд, ки талоши кишварро ба хотири воридсозии технологияҳои муосир ба равандҳои рушди устувор инъикос мекунад.

Сафир таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада бо шарофати сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ равона шудааст, имконпазир гардиданд.

Тибқи ҷамъбасти соли 2025, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 19 миллиард доллар расида, рушди воқеӣ 8,4 фоизро ташкил дод. Дар доираи Стратегияи саноатикунонии босуръат (2019–2025) зиёда аз 2,6 ҳазор корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 87 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Суръати афзоиши истеҳсоли саноатӣ 22 фоизро ташкил дод.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 Соли вусъати ободонӣ ва созандагӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Дар назди Ҳукумати мамлакат вазифа гузошта шудааст, ки рушди иқтисодиро на камтар аз 8 фоиз таъмин намуда, раванди саноатикунонӣ ва таҳкими амнияти энергетикиро идома диҳад.


Сафир иброз намуд, ки давоми се даҳсола Тоҷикистону Ҷумҳурии Беларус муколамаи устувори сиёсиро дар сатҳҳои олӣ ва баланд ба роҳ монда, барои ҳамкории фарогир заминаи боэътимод фароҳам оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2025 барои иштирок дар саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 низ аҳамияти хос дошт, ки ба тақвияти ҳамоҳангсозӣ аз рӯйи самтҳои калидии ҳамгироӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ мусоидат намуд.

Дар натиҷа соли 2025 гардиши савдои байни ду мамлакат аз 222 миллион доллар зиёд гардида, нисбат ба соли қаблӣ 29,2 фоиз афзоиш ёфт. Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ таъсис дода шуда, масъалаи таъсиси зеркомиссия оид ба ҳамкории саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолоти муштарак мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамкории гуманитарӣ низ фаъолона рушд меёбад. Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанг ва кинои Беларус баргузор гардида, омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус идома дорад.

Ба иттилои Сафир, самтҳои калидии густариши минбаъдаи ҳамкорӣ саноат ва сайёҳӣ мебошанд. Имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ, маҷмааи агросаноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ умедбахш арзёбӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соҳаи сайёҳӣ низ бо назардошти захираҳои табиӣ ва таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва инфрасохтори рушдёфтаи санаторию осоишгоҳии Беларус иқтидори назаррас мавҷуд аст. Рушди парвозҳои мустақим байни ду давлат шарти муҳими афзоиши мубодилаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

«Дар маҷмуъ, муносибатҳои Тоҷикистону Беларус динамикаи устувори мусбат ва хусусияти мураккабу бонизом касб намуда, барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ба манфиати мардумони ду мамлакат имконоти фарох фароҳам овардаанд»,-иброз дошт Бахтовар Сафарзода.

Бо матни пурраи мусоҳиба метавон дар сомонаи расмии агентии БЕЛТА тавассути пайванди зерин шинос шуд: https://belta.by/interview/view/dni-kultury-promkooperatsija-i-ploschadka-sng-posol-tadzhikistana-o-30-letii-druzhby-s-belarusjju-9969/

АКС: БЕЛТА

Март 2, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд