Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода бо муовини Вазири саноати нассоҷии Туркманистон Тохтамурат Мередов ва муовини Вазири саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Туркманистон Максатмурат Сапармурадов мулоқот намуд.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ ва саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмониро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, хусусан дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






