Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Қунғратбой Шарипов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳо байни донишгоҳҳои ду давлат, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои ду давлат дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ, таъсиси факултетҳои муштарак, татбиқи барномаҳои мубодилаи академӣ ва афзоиши ҳамкории мустақими донишгоҳҳо гувоҳи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Узбекистон мебошад.
Таъкид гардид, ки заминаи асосии густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории самараноки Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм, сиёсати хирадмандона ва созандаи сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим ба таври бесобиқа густариш ёфтааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории форуми навбатии ректорон ба таҳкими бештари робитаҳои илмию таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди устувори ду давлат мусоидат мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд






