Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар Форуми байналмилалии энергетикии Тотористон – «ЭНЕРГОПРОМ-2026» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо якчанд корхонаи истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазир бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ёрирасон барои ноқилҳои баландшиддати барқӣ, корхонаи истеҳсоли истгоҳҳои барқдиҳандаи нақлиёти барқӣ, корхонаи истеҳсоли маҷмуи таҷҳизот ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқ барои шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқи шиддати миёнаю баланд ва корхонаи истеҳсолии санҷишию ченкунии электронии муосир -ҳисобкунакҳои замонавии ҳушманд барои назорат ва тақсимоти барқ шинос гардид.
Ҳамзамон вазир бо фаъолияти озмоишгоҳи махсуси озмоиши таҷҳизоти баландшиддати барқӣ шинос шуд. Дар он санҷиши мутобиқат ва устувории таҷҳизоти энергетикӣ тибқи стандартҳои муосир анҷом дода мешавад.
Пас аз анҷоми боздид ҷониби Тоҷикистон барои густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо ин корхонаҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд






