Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид

Апрель 28, 2026 10:16

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ  Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласаи шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи лизинги пешакӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи «Интиқоли неруи барқ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000), Тоҷикистон» пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Инчунин Созишномаи иҷораи пешакӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи «Интиқоли неруи барқ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000), Тоҷикистон», Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineereng and Management»-и Ҷумҳурии Узбекистон оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2019 пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамзамон дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ барои такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», Дар бораи сафари Шермуҳаммад Шоҳиён ба шаҳри Ереван, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум  ва Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум» пешниҳод ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад