Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар майдони Парчами давлатии ноҳияи Деваштич маросими ҷалби даъватшавандагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити зарурӣ барои буду бош, истироҳат ва машқу тамрини сарбозону афсарон муҳайё буда, рӯз то рӯз беҳтар мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти диёр масъулият ва қарзи ҷавонмардиашонро хуб дарк намуда, ба таври ихтиёрӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азизамон раҳсипор гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки волидайни ин ҷавонон фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои ҳифзи истиқлолият ва сулҳу субот саҳм мегузоранд.
«Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад», — илова намуд раиси ноҳия.
Дар ҷамъомад раиси Ҷамоати деҳоти Росровут Раҳмон Шарифзода бо нишони сайёри «Беҳтарин ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ» ва нозирони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич сарфароз гардиданд.
Инчунин аз тарафи Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Деваштич ба даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» супорида шуд.
Чун анъана маросими нонгазони модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ равона доир гардид. Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш ва дастурхони идона ороста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич













Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд






