­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Апрель 3, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ мешаванд, имрӯз ба унсури муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода аҳаммияти сиёсӣ ва амалии ин иқдомро барои ҷомеаи байналмилалӣ ва нақши Тоҷикистонро дар рушди дипломатияи об чунин шарҳ медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Андешаҳои Шумо оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим.

Саноӣ Бойзода: Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ дорои аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона мебошанд.

Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ташаббусҳои дар доираи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУСММ) пешниҳодшуда ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, ноилшавӣ ба ҳадафҳои дахлдори Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат мекунанд.

Дар замони муосир, ки зиёда аз 2 миллиард аҳолии кураи Замин аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ин ташаббусҳо хеле ҳам саривақтӣ ва судманд арзёбӣ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намудаанд, ки ин мушкилиҳоро танҳо бо роҳи иттиҳод ва ҳамбастагӣ метавон ҳал намуд.

Бо дарназардошти он, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи дарёҳои Ому ва Сир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва мо аз дастрасӣ ба оби тоза танқисӣ надорем, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оянданигарӣ ва башардӯстӣ шаҳодат медиҳанд, зеро Пешвои миллат на танҳо ба ояндаи миллати тоҷик, балки ба ояндаи тамоми мардуми сайёра изҳори нигаронӣ ва ғамхорӣ намуда, роҳи ҳалли ин мушкилиро дар ҳамбастагӣ, фаъолияти ҳамҷавор ва манфиатовар дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ карданд.

Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи шаш ташаббуси глобалӣ дар соҳаи обу иқлим, яъне «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», дар якҷоягӣ бо Фаронса Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ, 2025–2034, мебошанд. Ҳамзамон, бояд қайд намоем, ки дар асоси яке аз ваколатҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» шуруъ аз соли 2025 ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Илова бар ин, 25 апрели соли 2025 дар иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи “Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид.

12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Перу Маҷмаи муҳити зисти СММ (ЮНЕА) зимни иҷлосияи ҳафтум қатъномаи “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера»-ро қабул намуд.

Маҳз ташаббусҳои болозикри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули дипломатияи об заминаи воқеӣ гузоштанд. Барои мисол, соли 2010 қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об ва пешбарии дипломатияи об нақши тақдирсоз бозид.

Ҳамзамон соли 2016 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” боиси он гардид, ки кишвари мо ба маркази муҳими муколама ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои об табдил ёфта, бо ташкили якчанд чорабинии сатҳи баланд дар пешбарии Рӯзномаи ҷаҳонии об саҳми назаррас гузорад.

Ҳамин тавр, Раванди оби Душанбе таъсис ёфт, ки ҳамчун минбари муассири ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи амал оид ба об хизмат мекунад. Дар доираи он се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд — дар солҳои 2018, 2022 ва 2024 баргузор гардиданд, ки натиҷаҳои онҳо ба татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об ва пешбурди Ҳадафи шашуми рушди устувор мусоидат менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки ташаббусҳои Роҳбари давлати мо, аз ҷумла “Раванди оби Душанбе” ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои глобалии рушд гардида, дар масири ҳалли мушкилоти об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз омилҳои асосӣ ва такондиҳанда мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Бо назардошти он, ки Конфронси чорум дар доираи Раванди оби Душанбе ҳамчун ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон баргузор мегардад, вазорат нақши ин платформаро дар таҳкими мавқеи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешсаф дар рӯзномаи глобалии об ва дипломатияи об чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Саноӣ Бойзода: Раванди оби Душанбе давоми солҳои охир ба платформаи бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар доираи он масъалаҳои марбут ба мудирияти устувори захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд. Конфронси чорум, ки 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор мегардад, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 тамоми тадбирҳоро барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳад. Конфронси чоруми Душанбе марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об хоҳад буд. Ин раванд идомаи мантиқии талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон барои муттаҳид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи масъалаҳои об мебошад.

Ин платформа барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар рӯзномаи глобалии об тақвият бахшида, бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун ташаббускори масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ, балки ҳамчун «пули муколама» дар байни кишварҳои ҷаҳон нақш бозад. Маҳз тавассути чунин платформаҳо мамлакат метавонад таҷрибаи миллии худро дар мудирияти захираҳои об ва рушди гидроэнергетикаи устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Конфронси чорум дар доираи Раванди оби Душанбе ба таҳкими дипломатияи об мусоидат карда, фазои муколамаи созандаро байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам меорад. Ин раванд ба пайдоиши ташаббусҳои муштарак, таҳияи лоиҳаҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои марбут ба об замина мегузорад. Дар баробари ин, он ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳои кишварҳо дар платформаҳои глобалӣ мусоидат намуда, садои Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ барои баррасӣ ва муҳокимаҳои масъалаҳои об пурқувват месозад.

АМИТ «Ховар»: Конфронси имсола ҳамчун чорабинии муҳими омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2026, ки 2–4 декабри 2026 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, арзёбӣ карда мешавад. Аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон кадом натиҷаҳои мушаххас ва паёмҳои калидиро тавассути Душанбе ба сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд?

Саноӣ Бойзода: Дар ҳақиқат конфронси имсола ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2026 арзёбӣ мегардад, ки он аҳаммияти хосаи сиёсӣ ва амалӣ дорад.

Аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ ва бо назардошти нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об давлати мо тавассути Конфронси оби Душанбе, пеш аз ҳама, паёми тақвияти ҳамкории байналмилалиро барои ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад кард.

Тавре қаблан таъкид гардида буд, натиҷаҳои Конфронси оби Душанбе дар шакли тавсияҳо ва ташаббусҳои мушаххас ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 саҳми арзанда гузошта, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор мусоидат хоҳанд намуд.

Ҳамзамон интизор меравад, ки дар натиҷаи конфронс якчанд санадҳои муҳими ҷамъбастӣ қабул карда шаванд, аз ҷумла Эъломияи Душанбе, Хулосаи ҳамраисони конфронс ва саҳми “Раванди оби Душанбе” ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби соли 2026.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Ин санадҳо паёмҳои асосӣ, тавсияҳои стратегӣ ва иқдоми амалӣ барои идомаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обро дар бар гирифта, барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард. Илова бар ин, давлатҳо, ниҳодҳои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои идомаи татбиқи ташаббусҳо, шарикӣ ва сабти уҳдадориҳои нав дар доираи Рӯзномаи амали об (Water Action Agenda) ташвиқ карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Бо таваҷҷуҳ ба иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор — аз давлатҳо то бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ барои бо натиҷаҳои манфиатбор ҷамъбаст намудани ин конфронс чӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд?

Саноӣ Бойзода: Бо назардошти он ки конфронс хусусияти фарогир ва бисёрҷониба дорад, барои таъмини натиҷаҳои амалӣ ва манфиатбор якчанд механизм ва шаклҳои ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд. Конфронс ҳамчун платформаи бисёрҷонибаи муколама ва шарикӣ давлатҳо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, занон ва доираҳои илмиро муттаҳид намуда, ба таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ мусоидат менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи конфронс баргузории ҷаласаҳои пленарӣ, нишастҳои мавзуӣ, панелҳои махсус, форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин форматҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои манфиатдор таҷриба, дониш ва роҳҳои ҳалли амалии худро дар соҳаи обу иқлим пешниҳод намуда, ҳамкории нав ва ташаббусҳои муштаракро ба роҳ монанд.

Аз ҷумла, шаш нишасти мавзуӣ масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонии обро фаро мегиранд, аз қабили “об барои инсон”, “об барои рушди иқтисодӣ”, “об барои муҳити зист”, “ҳамкорӣ дар соҳаи об”, “об дар равандҳои бисёрҷониба” ва “сармоягузорӣ ба соҳаи об”. Бояд таъкид кард, ки барои таъмини ҳамбастагии Конфронси чоруми оби Душанбе бо Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки 2–4 декабри 2026 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, нишастҳои мавзуии номбурда ба мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2026 мутобиқ карда шудаанд.

Ҳамзамон барои ҷалби васеи гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа форумҳои алоҳида ташкил карда мешаванд, аз ҷумла форумҳои бахши хусусӣ, ҷавонон, занон ва ҷомеаи илмӣ. Ин форумҳо ба густариши муколама, табодули дониш ва таҳкими шарикӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ равона шудаанд.

Бо ин роҳ конфронс на танҳо фазои муколама, балки минбари амалӣ барои ташаккули шарикӣ, ташаббусҳои нав ва уҳдадориҳои мушаххас дар самти мудирияти устувори захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад гардид.

АМИТ «Ховар»: Яке аз ҳадафҳои асосии конфронс суръатбахшии татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амал оид ба об ва ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 вобаста ба об мебошад. Тоҷикистон дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба шарикӣ ва сармоягузориро барои татбиқи ин уҳдадориҳо ва ҳадафҳо чӣ гуна ҷалб менамояд?

Саноӣ Бойзода: Дуруст, яке аз ҳадафҳои калидии конфронси дарпешистода суръат бахшидан ба татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об ва ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, пеш аз ҳама, Ҳадафи рушди устувори 6 (SDG 6), ки ба об ва санитария марбут аст, мебошад.

Дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda) Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд уҳдадориҳои мушаххас ва пуриқдомро ба зимма гирифтааст. Аз ҷумла, истифодаи Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи глобалӣ барои мониторинг, пешбурд ва суръат бахшидани татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрие, ки аз ҷониби давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ба қайд гирифта шудаанд, аҳаммияти хосса дорад. Имрӯз Раванди оби Душанбе ба яке аз механизмҳои нодири байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки иродаи сиёсӣ, иқтидори экспертӣ ва имконияти молиявиро барои ҳалли шадидтарин мушкилоти обии сайёра — аз тағйирёбии иқлим ва таназзули эконизомҳо то таъмини дастрасии умумӣ ба оби нӯшокии бехатар муттаҳид менамояд.

Раванди оби Душанбе дигар танҳо силсилаи конфронсҳо нест, балки ба маркази таъсиргузори ташаккули сиёсати глобалии об табдил ёфтааст. Хусусан дар ҳамин ҷо шарикиҳои нав ба вуҷуд меоянд, ташаббусҳои бузург оғоз мегарданд ва такон барои ҷалб намудани захираҳои назарраси молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об бахшида мешавад. Бо ин роҳ Тоҷикистон дар дастёбии Ҳадафи рушди устувори 6 ва тамоми Рӯзномаи-2030 саҳми воқеӣ гузошта, изҳороти сиёсиро ба амалҳои мушаххас табдил медиҳад.

Ҳамзамон кишвар намунаи пешсафии масъулона дар сатҳи миллӣ низ мебошад. Стратегияи миллии об то соли 2040 дурнамои дарозмуддати мудирияти устувор ва ҳамгироёнаи захираҳои об, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд. Воситаи амалии татбиқи он «Барномаи миллии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2029» мебошад, ки ба беҳтар намудани дастрасии куллии аҳолӣ ба оби бехатар ва хизматрасониҳои муосири санитарӣ равона шудааст. Ин ҳуҷҷатҳо самти стратегии давлатро барои табдил додани захираҳои об ба пояи рушди устувор ва некӯаҳволии шаҳрвандон инъикос мекунанд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон равиши фарогир— ҳамоҳангсозии пешсафии глобалӣ бо ислоҳоти пайдарпайи миллӣ нишон медиҳад. Кишвар на танҳо уҳдадориҳои худро дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об иҷро менамояд, балки барои суръат бахшидани татбиқи уҳдадориҳои ихтиёрӣ аз ҷониби дигар иштирокчиёни ҷомеаи байналмилалӣ низ шароит фароҳам меорад.

Имсол масъалаҳои татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об мавзуи умумигузар (cross-cutting) барои ҳама ҷаласаҳо ва форумҳои Конфронси чоруми оби Душанбе хоҳанд буд. Ба ин чорабинӣ давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, инчунин доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд. Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муҳим дар сафарбарсозии ҷаҳонии талошҳо, таҳкими ҳамкорӣ, ташаккули шарикиҳои нав ва ҷалби маблағгузорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 гардад.

Бо ин роҳ Тоҷикистон нақши худро ҳамчун иштирокчии масъул ва ташаббускори ҷомеаи байналмилалӣ бори дигар тасдиқ намуда, ҷонибдори ҳалли муштараки мушкилоти глобалии об ва табдил додани об ба омили рушди устувор, субот ва шукуфоӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Форумҳои мавзуӣ, аз ҷумла форумҳои ҷавонон, занон, бахши хусусӣ ва пиряхҳо кадом паёмҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро инъикос мекунанд? Оё метавон гуфт, ки Тоҷикистон талош дорад дар соҳаи об модели нави дипломатияи фарогирро пешниҳод намояд?

Саноӣ Бойзода: Форумҳои мавзуӣ, аз ҷумла форумҳои ҷавонон, занон, бахши хусусӣ ва пиряхҳо паёмҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоиро инъикос намуда, нишон медиҳанд, ки масъалаҳои об дигар танҳо масъалаи техникӣ нестанд, балки омили калидии рушди устувор, адолати иҷтимоӣ, амнияти экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошанд.

Иштироки ҷавонон таъкид мекунад, ки ояндаи захираҳои об ба насли нав вобаста аст ва сиёсати об бояд дарозмуддат, инноватсионӣ ва ба талаботи оянда мутобиқ бошад. Форуми занон нақши муҳими онҳоро дар мудирияти захираҳои об, таъмини оби нӯшокӣ ва устувории ҷомеаҳо нишон медиҳад, зеро дар бисёр кишварҳо маҳз занон масъули истифодаи ҳаррӯзаи об мебошанд. Ҷалби бахши хусусӣ зарурати сармоягузорӣ, технологияҳои нав ва механизмҳои устувори маблағгузориро таъкид мекунад. Форуми вобаста ба пиряхҳо ба аҳаммияти глобалии ҳифзи манбаъҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим ишора намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба хатари аз байн рафтани захираҳои оби тоза ҷалб менамояд.

Ин гуногунрангии платформаҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаҳои обро дар робита ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ баррасӣ намуда, ба ҷалби тамоми гурӯҳҳои манфиатдор аҳаммияти махсус медиҳад. Чунин равиш ба ташаккули қарорҳои мутавозин ва дар амал татбиқшаванда мусоидат мекунад.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Тоҷикистон воқеан талош дорад модели нави дипломатияи фарогирро дар соҳаи об пешниҳод намояд. Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи кушодаи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки на танҳо давлатҳо, балки созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об саҳм гузоранд.

Ин равиш дипломатияи анъанавии давлат-ба-давлатро ба дипломатияи бисёрсатҳа ва фарогир табдил медиҳад, ки дар он манфиатҳои инсон, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Бо ин роҳ Тоҷикистон на танҳо майдони муколама фароҳам меорад, балки ба таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда байни кишварҳо ва ҷомеаҳо мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, форумҳои мавзуӣ на танҳо бахши муҳимми конфронс мебошанд, балки нишонаи равшани онанд, ки Тоҷикистон дипломатияи обиро ҳамчун воситаи муттаҳидсозии ҷаҳонӣ, пешгирии ихтилоф ва таъмин намудани ояндаи устувори башарият мебинад.

АМИТ «Ховар»: Бо назардошти барномаи фарҳангӣ ва муаррифии мероси миллӣ дар доираи конфронс чунин унсурҳо то кадом андоза дар таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва пешбурди дипломатияи фарҳангӣ нақш мегузоранд?

Саноӣ Бойзода: Барномаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мероси миллӣ дар доираи конфронсҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷузъи ҷудонашавандаи дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Муаррифии анъанаҳо, расму оин, санъат, мусиқӣ, ҳунар ва либосҳои миллии мардуми тоҷик, инчунин арзишҳои таърихию фарҳангии миллати пурифтихори тоҷик ба меҳмонони хориҷӣ дар раванди конфронс имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалии обу иқлим, балки ҳамчун кишвари дорои тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги куҳан шиносанд.

Барномаҳои фарҳангии конфронси мазкур ба қавӣ гардонидании имиҷи мусбати байналмилалии мамлакат мусоидат менамоянд. Тавассути дипломатияи фарҳангӣ Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки симои башардӯстона ва сулҳпарваронаро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин Конфронси оби Душанбе имконияти беназири иштирок дар барномаҳои махсуси сайёҳиро низ фароҳам меорад. Ин сайру гаштҳо ба иштирокдорон фурсат медиҳанд, то бо мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла тамаддунҳои бостонӣ ва мероси Роҳи Абрешим шинос шуда, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои об, инчунин инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии мамлакат огоҳ гарданд. Ин, албатта, ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид