Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — дар шаҳри Париж бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нашасти матбуотӣ кормандони ниҳодҳои дахлдори ЮНЕСКО ва намояндагони кишварҳои аъзо иштирок намуда, оид ба ҷузъиёти ҳадафҳо, рӯзнома, натиҷаҳои интизоршаванда ва мушаххасоти логистикии конфронс, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, маълумоти муфассал гирифтанд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ омодагиҳои Ҳукумати мамлакатро муфассал шарҳ дода, аз аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ёдовар шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






