Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Апрель 3, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласа дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» баргузор гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки дар айни замон минтақаи Осиёи Марказӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва ин тақозо мекунад, ки механизмҳои нави самараноки ҳамкории минтақавӣ ва банақшагирӣ ҷорӣ карда шаванд. Хеле муҳим аст, ки барои бахши энергетика муҳити пешгӯишаванда, бахусус дар масъалаҳои содирот, воридоти неруи барқ ва танзими иқтидори низомҳои энергетикӣ фароҳам оварда шавад.

Вазир ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора намуда, иброз дошт, ки барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикии минтақа дар айни замон лоиҳаи азнавпайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» таъкид гардид.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ аз тамоми имконият истифода менамояд ва дар айни замон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт идома дорад», – илова намуд Далер Ҷумъа.

Дар идомаи ҷаласа маърузаи раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи рушди ҳамкории соҳавӣ бо кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай» шунида шуд. Зимнан ҷараёни мувофиқасозии лоиҳаи «Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050)» баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 3, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд