Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад

Апрель 1, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон» доир мешавад.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои  бадеӣ, таърихӣ, сиёсӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеӣ бо сифати баланду нархҳои дастрас ба алоқамандони китоб пешкаш мегарданд.

Ҳадафи баргузории намоиш-фурӯш тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ, баланд бардоштани завқи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги мутолиа мебошад.

Рушди анъанаи китобдорию китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Тавре   Сарвари давлат иброз намудаанд, «мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид