Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд

Апрель 7, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла идоракунии самаранок ва устувори захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори Дафтари бахши кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, захираҳои табиӣ ва рушди деҳоти Бонки Осиёии рушд Ҷиангфенг Жанг дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо инчунин истифодаи оқилонаи имконияти гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ҳамзамон ба масъалаи идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик» равона гардида, ҷонибҳо аҳамияти стратегии онро дар таъмини амнияти обию энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақа таъкид намуданд.

Дар ин замина зарурати амалӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, такмили низоми мониторинг ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди иқтидори соҳавӣ низ баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?