Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар доданд, зимни нишаст иштирокчиён лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки қарор аст охири моҳи май дар Ашқобод баргузор шавад, таҳия намуда, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 17 апрел дар шаҳри Москва доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон иттилоот оид ба фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳод дар солҳои 2020–2025, натиҷаҳои иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти ҳамкории иқтисодӣ ва инчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши иқтисодӣ дар соли 2025 ба эътибор гирифта шуд.
Иштирокчиён ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023–2025 оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи амиқсозии ҳамкорӣ байни Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Комиссияи иқтисодии Авруосиёро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба иштирокчиёни нишаст дар хусуси баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, иттилоъ манзур намуда, ҷонибҳоро даъват намуд, ки ба таъмин намудани иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кори ҳамоиш мусоидат намоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






