Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳраки Бӯстон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон мактаби ҷасорату мардонагӣ маҳсуб шуда, ҳифзи истиқлолу озодӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар фарзанди содиқи ҷумҳурӣ мебошад.
Имрӯз барои беҳтар намудани шароити хизмат, таъмини моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани нуфузи Артиши миллӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба мактаби воқеии тарбияи ватандӯстӣ табдил ёфтааст.
Ба даъватшавандагон барору комёбӣ, хизмати содиқона ва сарбаландона орзу гардида, ҳамзамон ба падару модарон барои тарбияи фарзандони далеру ватандӯст аз номи раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Маросими гусели даъватшавандагон бо барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия ва риоияи анъанаи неки миллӣ — нонгазон анҷом ёфта, ҷавонон бо руҳияи болида ва азми қавӣ барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ













Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд






