Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарпарасти лоиҳа аз таъсисдиҳандагони Боғи интенсивӣ мебошанд.
Бо ин мақсад бо иштироки роҳбарияти идораю муассисаҳо ва
сокинони ноҳия барои бунёди Боғи интенсивӣ ҳашари дастҷамъона баргузор гардид.
Зимни муаррифии лоиҳаи Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» гуфта шуд, ки майдони умумии боғи буёдшаванда 2,5 гектарро ташкил дода, аз он 2,0 гектарро дарахтони себ, 0,5 гектарро нок ва 0,5 гектарро қитъаи навъсанҷӣ ташкил медиҳанд. Дар умум 7000 бех ниҳоли дарахтону себу нок, ки ба иқлими ин минтақа хос аст, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд






