Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати давлатӣ барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори коммуналӣ байни Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғо Хон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории ҷомеа тавассути воситаҳои пойдори зиндагӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Сангвори минтақаи Рашт» нигаронида шудааст.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум татбиқи лоиҳаи инфрасохтории «Беҳсозии таъминоти оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод» пешбинӣ гардидааст. Он яке аз иқдоми муҳими иҷтимоӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати коммуналӣ ба ҳисоб меравад.
Татбиқи лоиҳа ба таъмини беш аз 600 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ равона гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти санитарӣ, пешгирии бемориҳои вобаста ба об ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.
Имзои Ёддошти ҳусни тафоҳум қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати коммуналӣ мебошад.
АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад






