Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст

Апрель 21, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 800 бозёфти муҳим ва нодири таърихии бостоншиносони Осорхонаи миллӣ, ки аз  соли 2014 то соли 2025 ҳангоми ҳафриёт ба даст омадаанд,  дар  намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони истиқлол» ба маърази тамошо  гузошта шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  намоиши ҷашнии «Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони Истиқлол» бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Дар намоиш нигораҳое, ки аз ёдгориҳои Ғаравқалъа, Сайёд, Ҳалқаҷар, Чимқурғон, Тахти Шоҳӣ, Алмосӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии мамлакат кашф шуда, ба давраҳои гуногуни таърихӣ  мансубанд, ба маърази тамошо  гузошта шудаанд.  Нодиртарин нигораҳои ин намоиш, ки аҳамияти илмӣ-таърихии сатҳи ҷаҳонӣ доранд, «зарфи обгирӣ бо навиштаҷоти бохтарӣ», «сангнавиштаҳои Алмосӣ (бо хат ва забони қадимии бохтарӣ)», «овезаи тиллоӣ бо тасвири Кентавр», «ҳалқаи тиллоӣ», «хурмаи чордастаи тамғадор», «баргаи тиллоӣ» ва «гӯшворҳои тиллоӣ» мебошанд.

Бостоншиносӣ чун муҳимтарин илми замони муосир барои омӯзиши таъриху фарҳанги халқу миллатҳо таърихи ҷамъияти инсониро дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ меомӯзад. Аз ин рӯ, дар замони муосир ба  рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Тавре ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи онро ташкил медиҳанд».

Осорхонаи миллӣ аз соли 2014 ҳафриёти бостоншиносии мустақилонаро дар ёдгориҳои гуногуни таърихии мамлакат идома дода, то инҷониб дар зиёда аз 10 ёдгорӣ ковишҳо анҷом дода шудаанд. Давоми 12 соли охир ёдгориҳои Ғаравқалъа, Сайёд, Ҳалқаҷар, Чимқурғон, Тахти Шоҳӣ, Куҳначинор, Алмосӣ, Сари Майн, Моинкаҷ, Теппаи Ғозиён, Саразм 2 пурра ва ё қисман омӯхта шудаанд.

Дар намоиш дастовардҳои беҳтарини ин ёдгориҳо пешниҳоди тамошобинон гардиданд, ки аз  тилло, нуқра, мису биринҷӣ, сангу сафол ва устухон сохта шуда, таҷассумгари мероси пурғановат ва ҳунари волои ниёгонамон мебошанд.

Намоиши «Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ дар замони истиқлол» то 30 апрел идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 21, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд